Ворисони роҳгумзадаи Бухорои Шариф андар оғӯши кӯҳҳои Урал


           Ворисони роҳгумзадаи Бухорои Шариф андар оғӯши кӯҳҳои Урал
            
   Дар он ҷойе, ки Дашти Қипчок интиҳо меёбаду кӯҳҳои Урал оғоз мегирад, бисёр мавзеъҳоеро вомехӯред, ки номи Бухорро бо худ пайвастаанд. Мардуми мусулмони ин мавзеъ худро ворисони мактаби динии Бухоро мехонанд. То оғози «инқилоби» соли 1917-ум ин мардум бо Бухоро робитаи ногусастание доштанд. Ислом тавассути Бухорои Шариф вориди ин сарзамин гашт, аваллин таблиғгароёни дини мубини ислом низ бухороиён буданд. То ҳол аждодонеро вомехӯред, ки дар фосилаи қарнҳо бо мардуми бумӣ омезиш биёфтаанду, вале то ҳоло атрофиён ононро бухороӣ мехонанд. «Инқилоб» (саҳеҳтараш табаддулоти давлатӣ) мусулмонони ин минтақаро аз Қуръони Шариф, масҷид, дин, рӯҳониён,
алифбои арабӣ, забони модарӣ... маҳрум бисохт. Имрӯз чӣ ҳоле доранд ворисони мактаби динии Бухорои Шариф?  Пас аз перестройкаи Горбачев дар минтақаҳои мусулмонишини Осиёи Миёнаву Қафқоз дар фосилаи кӯтоҳе масҷидҳо қомат барафрохтанду дари мадрасаҳо баҳри шогирдон боз бигаштанд. Вале дар ин ҷо гӯё, ки вақт хуфтааст. Гарчанде, ки ҳокимиятдорон баҳри барафрохтани масҷиду ба ҷой овардани урфу одатҳои динӣ монеъ намегарданд, вале гаравиш ба самти динӣ бобои дар ин гӯшаҳои аз шаҳрҳои калон дур афтода, ночиз аст. Андар деҳаҳои дурдасти русҳо, тоторҳо, бошқирдҳо, қазоқҳо, украинҳо, мордвинҳо, қариб, ки вазъ як аст. Дар деҳаҳои православиҳо серкову дар деҳаҳои мусулмонон масҷид дида намешавад. Масҷидҳои аҳёне, ки ба чашм мерасанд, холианд.

   Бо пирамарди тотор дар элетричка ҳамсӯҳбат гаштам. Дар деҳаашон, бо кушиши наздиконаш масҷид барафрохтааст. Гила кард, ки аз деҳаи калони мусулмоннишин касе дар сохтани масҷид кумак нарасонд. Бисёриҳо гуфтанд, ки ба мо масҷид чӣ лозим, аз он ба мо чӣ фоиде? Аз тоҷикони мардикори дар колхоз коркунанда миннатдор шуд, ки дар барафрохтани масҷид ҳисса гузоштанд. Пурсидам, ки дар рамазон масҷидатон серодам аст, гуфт, ки худашу наздиконаш ва боз ду се кампир дар деҳа рӯза медоранд. - Мардум мо - ба дин, ба масҷид, ба мулло - чун ба душманаш менигарад. Дар муҳите, ки аксарият самогон мекашанду хук мепоянду гӯшти хук мехӯранд, писаронро хатна намекунанд, фарзандони зи дасти падару модарони майзада бе пораи нон монда дар сағерахонаҳо паноҳ мебаранд... душвор аст меъёрҳои диниро ба ҷой овардан. Коммунистон ончунон рӯҳияи мардумро аз Худову динаш дур афкандаанд, ки дар гумон аст, ки рӯзе ба фазои аслиашон баргарданд... - Ба мардуми шумо омад кард, динашонро ҳифз карда тавонистанд, ба фишори КГБ нигоҳ накарда мактабҳои дини пинҳонӣ амал мекарданд, вале коммунистон рӯҳияи мардуми моро ончунон аз Худопарастӣ поккорӣ намуданд, ки дар гумон аст ба динаш баргардад...
   Тобистон тасодуфан ба фермаи деҳае афтодам, ки сокионашон ҳама мусулмон буданд.
Биргадир намедонист, ки бо подабонҳои маст чӣ кор кунад, ягон коргари ҳушёрро намеёфт, то ононро иваз бикунад. Бегоҳӣ ҳангоме ки автобус говҷӯшзанҳоро овард, қисми зиёдашон маст буданд. Гила кард, ки намедонад бо подабонону говҷӯшҳои маст чӣ кор кунад? Кор пеш намеравад, дуздӣ бисёр, даромаду баракат нест. Дар фосилаи се моҳ - се коргараш аз дунё гузаштаст. Яктоаш мастомаст ғарқ гаштааст, дигараш худро ба дор кашидааст, сейумин дар ҷойи хобаш мурдааст. - Одамони мо чун пашша мемуранд. Аз подабонҳои аз Точикистон омада, ки дар колхози ҳамсоя кор мекунанд ситоиш бинмуд, ки наменӯшанду коргарони асиланд.
   Бо пирамарди солхӯрдаи рус, ки дар дарёчаи назди ферма моҳидорӣ мекард дуру дароз дар мавзуҳои мухталиф сӯҳбат кардем. Гуфт, ки православҳо ҳамеша менӯшиданд, вале мусулмонҳои ин ҷо ҳеҷ гоҳ наменӯшиданд, пас аз инқилоб коммунистон мардумро ончунон аз динашон дур афканданд, ки имрӯз мусулмонони ин мавзеъ аз православхо дар шаробнӯшӣ бадтаранд. Мардум мемирад, деҳаҳо холӣ мешаванд, заминҳои кормам ба шӯразор табдил меёбанд. Ояндаи ин мардуму ин сарзамин чӣ тур хоҳад шуд танҳо Худованд медонад...
   Деҳаҳои холиро дида ҳузнангез мегардед. Барои чӣ онон мемиранд? Нерӯи барқ, роҳ, об, замининҳо беинтиҳои кораму чарогоҳҳои сабзро дороянду, вале онон пайи ҳам мемиранд. Дар деҳаҳое, ки пеш аз инқилоб то 600 -700 оила мезист ҳоло ба деҳаҳои кӯчаке табдил ёфтаанд, ки дар онон панҷ шаш ҷуфт пирони рӯзҳои вопасини хешро интизор, зиндагӣ мекунанд.
   Вақте ки бандагон Худоро фаромӯш мекунанд, Худо низ оноро ба ихтёри фаромӯшӣ мегузорад.
   Мутаассифона имрӯз дар Тоҷикистон мансабдорони дар мактабҳои коммунистӣ обутоб ёфта зидди дини Худованд муборизаи шадид мебаранд. Масҷидҳоро валангор месозанд, дари масҷидҳоро мебанданд, рӯҳониёни намоёни миллатро ба "пурсиш" даъват менамоянд, наврасонро намегузоранд, ки вориди масҷид гарданд, риши мардонро зӯран метарошанд, аз сари бонувон сатрро бармекананд... Рӯз ба рӯз дар кишвар шумораи  фоҳишахонаву майкадаҳо меафзоянд.
   Ба шарофати Худованду дини Худованд ин миллат зинда монд. Ҳангоме, ки Бухорои Шариф ҷойгузини бехудоён гашт, ин миллат ҳам буду набудашро аз даст дод.
Агар коммунистон 20 -30 соли дигар давр меронданд, вазъи кунунии бародарони дар оғӯши кӯҳҳои Урал буда, имрӯз бар сари мо меафтод.
   Мансабдорону даҳриёни тоҷикро, ки ба дин фишор меоваранд, ин ҷо овард, то бо чашми худ бубинанд, дурафкании миллат аз дин ба чӣ оварда мерасонад.

                     Ҳабиб Саид, апрели соли 2009, Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий