Георгий Гурдҷиев - шогирди шайхони тоҷику устоди Сталин


     Георгий Гурдҷиев - шогирди шайхони тоҷику устоди Сталин

     Дар сомонаву шабакаҳои иҷтимои аксу суханони Сталин дар бораи тоҷикон, ки дар даҳаи адабиёту санъати тоҷик соли 1941 дар Маскав гуфта буд, пайваста гардиш дорад. Аксарият ҳайронанд, ки барои чӣ доҳӣ ин суханонро маҳз дар сифати тоҷикон гуфт? Ҳоло он ки лоиҳаи асосии болшевикон дар Осиёни Миёна - ӯзбекҳо ба ҳисоб мерафтанд, то бо дасти онҳо фазои форсиву иронинаждодонро танг бинмуда тоҷиконро ба партобгоҳи таърих биафкананд.
   Шогирдони семинарияи динӣ Иосиф Джугашвили ва Георгий Гурдҷиевро омӯзиши мистика (тасаввуф, илми ғайб) ба ҳам наздик овард ва дертар ҳардуро аз семинария ронданд. Гурдҷиев ба омӯзиши сиру асрори дину равишҳои
мухталифи фалсафаю равоншиносӣ пардохта ба кишварҳои зиёде сафар кард. Шоири ҷавон Иосиф бошад ба марксизм таваҷҷуҳ пайдо намуд. Ҷустуҷӯйи илм Гурдҷиевро ба Туркистони Русия овард. Аз Самарқанд вориди Бухорои Шариф гашта назди шайхони равияи нақшбандия чанд сол омӯзиш дид ва сипас тавассути Самарқанду Зарафшон вориди Афғонистон гашта омӯзишашро назди пирони равияи нақшбандия идома дода аз он ҷо ба Тибет рафта 10 сол дар он ҷо монд.
   Солҳои 1912 -13 -ум дар Маскав пайдо шуда бо донишу маҳораташ мистикҳои русро дар шигифт монд, ӯро фавран бо мистики маъруфи рус Елена Блаватская(1831 – 1891) дар як саф гузоштанд. Гурдҷиев дар атрофи хеш шогирдони зиёдеро гирд овард. Сталин илми ғайбро аз дӯсташ Гурдҷиев омӯхта ӯро устоди худ дар ин ришта меҳисобид. Баъзеҳо мекӯшанд, ки Сталинро ба ҷомеа чун шахси бесаводе муаррифӣ бинмоянд. Китобхони шахсии Сталин 20 ҳазор китобро дар бар мегирифт, ки ӯ онҳоро хондаасту дар саҳифаи бисёре аз китобҳо қайду шарҳои ӯ монданд. Дар бораи Бухорои Шариф, равияи накшбандия, суфиён, дарвешон, мардуми иронинаждоди Туркистон ӯ аз устодаш шунида буд. Гурдҷиев пас аз инқилоб Русияро такр гуфт муддате дар Константинопол зиста сипас ба шогирдонаш ба Аврупо (Олмон) рафт ба омӯзиши шогирдон аз Инглистон, Фаронса, Амрико, Олмон пардохт. Мистикҳои Олмон ӯро эҳтиром мекарданду Гитлер шахсан ӯро мешинохт, тахмин меравад, ки олмониҳо бо пешниҳоди Гурдҷиев свастикаро (салиби шикаста) чун рамзи хеш пазируфтаанд. Шогирдонаш дар сафи генералҳои СС низ зиёд буданд. Гурдҷиев ба дини мубини ислом эҳтироми зиёде дошт ва дошнишу маҳораташро аз пирони нақшбандия, суфиёну дарвешон медонисту бо форсӣ озод сухан мекард ва ҳатто барои дӯстонаш гоҳо таронаҳои орифонаи дар Афғонистон аз худ кардаашро бо ин забон месароид. Сталин кушид ки устодашро ба Маскав баргардонад, вале ӯ барнагашт, соли 1949 дар Нёйи-сюр-Сен(Фаронса) вафот кард.
   Нақши маҳви фазои форсиву ба партобгоҳи таърих афкандани иронинаждодонро Ленину ёронаш, ки ҳамагон яҳудиён буданд, кашидаанд (ҳокимияти ташкил кардаи Ленин(1917 -1924) 90% аз яҳудиён иборат буд). Сионистон бо шиорҳои авомфиребонаву дуруғин, бо дасти хуношоми болшевикон маркази исломии Авруосиё – Бухорои Шарифро маҳв сохтанд. Иронинаждодони Осиёи Миёнаро на Русияи шоҳӣ на болшевикони Ленин хуш доштанд(Русияи муосир низ он анъанаро идома медиҳад). Сталин ба накшаҳоии хунини болшевикон таъғироти куллӣ ворид сохта наметавонист. Вале имкон дод, то дар гӯшае аз сарзамини бобогиамон ҷумҳурии худро бисозему комилан маҳв нагардем. Агар сарнавиштие чун сарнавишти тоторҳои Қриму, чеченҳо, ингушҳо, олмониҳои Поволже… насибамон мегашт, имруз мо чӣ ҳоле доштем, касе пешгӯӣ карда наметавонад. Баҳри машинаи азими хуношоми болшевики ҷони инсон заррае арзише надошт. Танҳо аждаре чун ВЧК – ОГПУ – НКВД – МГБ - КГБ ҷони 60 миллион инсонро ба коми хеш даркашид. Шояд шогирди шайхони тоҷик будани устоди доҳии сурх, боиси он гашт ки машинаи азими сархӯри бошевикон пурра моро маҳв насохт.

                Ҳабиб Саид, апрели соли 2017, Кувандик - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий